Машварати Ҳоҷи Неъмат ба кишоварзони ноҳияи Ашт

 790 боздид

Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Усмонов Ҳоҷи Неъмат Профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” дидан намуданд.

Тавре Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия ба иттилоъ дод, мақсад аз ташрифи Усмонов Ҳоҷи Неъмат Профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ноҳияи Ашт, ин шиносоӣ бо заминҳои токзори ноҳия ва заминҳои минбаъд токзоршаванда ва маслиҳату машварат ба деҳқонони ноҳия барои баланд бардоштани ҳосили ангур мебошад.

Баъдан дар хоҷагии деҳқонии Ифтихор Ҳоҷи Неъмат ба кишоварзони ноҳия ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши ангур ва гирифтани ҳосили зиёди ангур, тарзи дурусти буриши токзор маслиҳату  машварат дод.

Сипас, меҳмонон бо ҳамроҳии Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” боздид намуданд.

Сардхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорон, бародарон Мақсудҷоновҳо бунёд гардида, барои захираи 520 тонна меваю сабзавот, бахусус зардолу ва ангур пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар хоҷагии деҳқонии мазкур дар майдони 50 гектар беш аз 2200 бех ниҳоли себ парвариш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” соли 2010 бо сарварии Мақсудҷонов Пайрав таъсис дода шуда, аз соли 2016 инҷониб сарварии онро Маҷсудҷонов Зайлобиддин ба уҳда дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.