Машварати кории роҳбарияти МИҲД-и ноҳия

 1 169 боздид

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти роҳбарияти МИҲД-и ноҳия вобаста ба иҷроия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурӣ санаи 18-уми январ ба миён гузошта шуданд, машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи бонкдорӣ ва низомӣ ширкат варзиданд

Муовини раиси ноҳия  Маҳмудзода Ҷамшед дар машварат доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳия дар маҷлисҳои машваратӣ дар давраи то 23 январи соли 2018 маълумот дод.

Маҳмудзода Ҷамшед доир ба рафъи офати табии ва корҳои барқарорсозӣ дар ноҳия баромад намуда, зикр дошт: “Оид ба барқарор намудани зарари офати табии ситоди ноҳиявӣ кори худро идома дода истодааст. Дар соҳаи тандурустӣ таъмири боми Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад. То имрӯз 500 адад бомпӯш ва маводи зарурӣ дастрас карда шудааст.Таъмири боми МИҲД-и ноҳия ва китобхонаи бачагона ба итмом расонида шуданд. Аз ҷониби идораи суғурта зиёда аз 45,3 ҳазор сомонӣ маблағ ба зарардидагон дода шуд”.

-Инчунин дар соли ҷорӣ ду сехи дӯзандагӣ дар ноҳия ба кор шуруъ менамояд, ки то 40 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор таъмин карда мешаванд. Сехи дӯзандагӣ асосан барои духтани либоси мактабӣ равона карда мешавад. Аз тарафи коргоҳ бо 20 муассисаҳои таълимии ноҳия шартнома оид ба дӯхтани  4800 адад либосҳои мактабӣ шартнома баста шудааст.

-Аз ҷониби институти лоиҳакашӣ, лоиҳаи сохтмони роҳи байнихоҷагии Кони намак-Қуқроқ-Конибодом омода шудааст. Аз рӯи ин лоиҳа харҷнома тартиб дода мешавад. Дарозии роҳ 22км. бараш 6м. 2 адад пули оҳану бетонӣ, васеъгии гузаргоҳи дарё дар пули якум 120 м ва дар пули дуюм 100 м мебошад. Байни ду пул 7 км роҳ дар замини ба ҷазира монанд мавҷуд буда, то 8 метр баланд бояд роҳ сохта шавад.

-Кор дар бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ идома дорад. Давоми ҳафта рангу бори дохили бино оғоз карда шудааст. Барои бо пуррагӣ ба ҷашни Наврӯз омода намудани бино корҳо идома дорад.

-Айни ҳол дар пойгоҳи обкашии АНС 1 аз 24 ҳазор куб лойқа, зиёда аз 15,0 ҳазр куб тоза карда шудааст. Дар як рӯз зиёда аз 1000 куб лойқа бароварда шуда истодааст. Айни ҳол 62 фоиз лойқа танҳо аз АНС 1 тоза карда шуда, 9 ҳазор куб боқӣ мондааст. Санаи 1 феврал корҳо дар АНС 1 ба анҷом расонида мешавад.

-Ҷиҳати таъмини назорати нарху навои маҳсулот дар бозорҳои ноҳия ба таври доимӣ корбарӣ карда, аз тарафи МИҲД-и ноҳия, ҷамъияти матлуботи ноҳия оид ба ҳолати нарху навои маводи ғизоӣ мувофиқи ноҳия аз рӯи 23 номгӯи маводҳо маълумотномаи муфассал пешниҳод карда шуда истодааст. Бо масъулини бозорҳои ноҳия кормандони идораи бойторӣ, муассисаи давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ ва қассобон барои сифатнокии кори савдо, либоси ягонаи фурӯшанда, паст кардани нархи маҳсулоти гӯштӣ, ворид накардани маҳсулоти гуштии пастсифат ва фурӯши он машварати корӣ баргузор карда шуд.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафтор Муҳаммадиев оид ба тоза кардани заминҳои пахта аз ғӯзапоя, шудгори заминҳои корам ва яхобмонӣ маълумот дод.

Тибқи иттилои Рафтор Муҳаммадиев то имрӯз аз 10634 га заминҳои корам 9685 ҳазор гектар ё худ 75 дарсад майдони кишт шудгор шудааст. Боғҳои ҳосилдиҳанда бошад то имрӯз 1563 га аз Понгозсой, Ошобасой  Аштсой, Пунуксой ва канали шимоли Фаргона яхобмонӣ шудааст. Заминҳои кишти пахта ба пуррагӣ аз ғӯзапоя тоза карда шудааст.

Имсол Раёсати кишоварзии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳия майдони кишти пахтаро зиёд менамоянд. Дар ин замина, ҷиҳати захираи тухмиҳои хушсифат, таъмири саривақтии пойгоҳҳои обкашӣ ва тозакунии каналу заҳбурҳо ва истифодаи оқилонаи заминҳо, пешгирии паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва коркарди ниҳоии пахта дар коргоҳҳои маҳаллӣ масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда шуданд.

Дар поёни машварат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъулини соҳаҳои дахлдор вобаста ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, ҷалби бештари лоиҳаҳои мустақими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ноҳия, афзун намудани содироти маҳсулот, хусусан хушкмева, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, зиёд намудани кишти пахта аз ҳисоби заминҳои гандуму хӯроки чорво, рушди соҳаи паррандапарварӣ, нигаҳдории ҳолати роҳҳои мошингард, бо кор таъмин намудани аҳолии қобилияти коридошта, назорати бозорҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.