Санаи 10 июни соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машвари корӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо Ҳакимзода Ҳакимҷон, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифзода Озифхон, сардори Сарраёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, муовини Раиси ноҳия ва сардорони Раёсат, шуъба ва башхҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардори нозироти андоз, роҳбарони сохторҳои соҳаи саноат, сохтмон ва бозорҳои ноҳия баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ қайд намуд, ки дар асоси нақшаи тасдиқшуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи гурӯҳи кории МИҲД-и вилоят машваратҳои корӣ баргузор шуда истодааст. Ҳадафи мо шиносоӣ намудан бо рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалҳо дар раванди таъсири касалии сироятии короновирус ва расидани кумаки ҳаматарафа ба мақомотҳои маҳаллӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои ба миён омада мебошад. Мақсади мо новобаста аз таъсири касалии сироятӣ таъмин намудани рушди иқтисодиёт, истифодаи самаранокии иқтидорҳои мавҷуда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва фаъолияти бомароми соҳаҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии таъсири манфии касалии сироятӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар, дастгирии моддии сокинон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.
Нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар ҷамъбасти панҷ моҳи соли равон нисбати дигар ноҳияҳо беҳтар мебошад, вале наҷшаи воридоти андозҳо ба буҷет, нақшаи буҷети маҳаллӣ ва нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ иҷро нашудааст. Инчунин дар як қатор соҳаҳо низ камбудиҳо низ ҷой доранд, аз ҷумла шумораи кормандони соҳаи саноат ва ҳиссаи соҳибкорон дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ кам шудааст.
Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон шудааст ва бо назардошти ин ҳолат бояд ҷиҳати рушди бемайлони соҳа чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таҳким бахшидани фаъолият дар самти саноатикунонӣ босуръати кишвар, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини саривақтии сифатнокии нақшаи буҷет, суръат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия.
Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз масъулини соҳаи саноат ва роҳбарони корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия оид ба натиҷаҳои истеҳсолӣ, камбудиву муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо пурсиш намуд.
Инчунин аз сардори Раёсати кишоварзии ноҳия оид оид ба иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, аз ҷумла сабзавот, зиротаҳои равғандеҳ, кишти такрорӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар пурсиш намуд.
Ба роҳбарони муассисаҳо бонкӣ ва қарзии ҳудуди ноҳия оид ба дастгирии соҳибкорон ва корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ҷиҳати таъмини фаъолияти бомаром ва афзоиши маҳсулоти саноатӣ пешниҳод карда шуд.
Аз тарафи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дар назди масъули сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву муаммоҳои ҷойдошта баҳри таъмини фаъолияти бомароми соҳаҳо вазифагузорӣ карда шуд. Аз ҷумла:
— ба муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода ва масъулини Нозироти андози ноҳия ҷиҳати зиёд намудани шумораи соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳиссаи онҳо дар таркиби маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ташкили ҳисоботҳои воқеии истеҳсолот ва пешниҳод оид ба мукаммал гардидани андозбандии онҳо, дастгирии ҳаматарафаи истеҳсолкунандагони дохилӣ дар самти таъмини фаъолияти бомаром;
— ба роҳбарони муассисаҳои бонкӣ ва қарзии ноҳия барои дастгирии соҳибкорон ва корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои таъмини фаъолияти бомароми онҳо, ба роҳ мондани ҳамкории доими бо онҳо, пешниҳоди лоиҳаҳои нави соҳавӣ барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди бахши хусусӣ;
— ба роҳбарони корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти бомаром дар шароити паҳншавии касалии сироятии коронавирус, таъмини истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ, роҳ надодан барои аз фаъолият боз монда ва ихтисор намудани кормандон, пайваста беҳтар намудани вазъи истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ (намак) бо назардошти беҳтар гардидани вазъият оғоз намудани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ва беҳтар намудани ҳолати молиявӣ;
— ба масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия таркиби кишти зироатҳои кишоварзӣ мутобиқ ба талаботи бозор тартиб дода шавад, ташкили боғҳои интенсивӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани кишт ва нигоҳубини зироатҳои равҳандеҳ, аз ҷумла офтобпараст ҷиҳати таъмини мунтазами корхонаҳои равғанкашии ноҳия бо ашёи хом дар давоми сол, мусоида ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди меваи хушк, аз ҷумла хучи хушккардашуда дар корхонаи ҶДММ “Рахшона” ва ба роҳ мондани истеҳсоли ҷой бо ин мева, афзун намудани майдони боғоҳи меваҳои содиротӣ ва ҳамасола зиёд намудани содироти меваи тар ба кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои нав барои содироти мева;
— ба Раёсати омори ноҳия санҷиши саривақтии ҳисоботҳои корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия, пурра дарҷ гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ дар онҳо;
— ба муовинони Раиси ноҳия ва масъулини соҳавӣ давра ба давра таъмин намудани оғози фаъолияти сохторҳои соҳаи васдо ва хизматрасонӣ бо назардошти талаботҳои санитариб гигиенӣ ва пешгири намудани паҳншавии касалиҳои сироятӣ;
— ба масъулини соҳаи тандурустӣ суст накардани корҳои пешгирии паҳншавии касалии сироятии коронавирус, ба роҳ мондани назорати доимӣ оид ба риоя гардидани талаботҳои гузошташуда, мунтазам идома додани корҳои зиддиэпидемикӣ, риояи талаботҳо дар сохторҳои истеҳсолӣ, назорати доимии фаъолияти муассиаҳои соҳаи савдо ва хтзматрасонӣ;
— ба муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода ва масъулини соҳаҳои мухталифи ноҳия таъмини иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ, иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ, таъмини фаъолияти бомароми сохторҳои соҳаи саноат, савдо ва хизматрасонӣ, таъмини нақшаву барномаҳои соҳавӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Машварати корӣ баъд аз пурсишу вазифагузориҳо ба кори худ анҷом бахшид.