Мулоқот бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе

 1 475 боздид

29 апрел дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  мулоқоти Зариф Мирдадо бо донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад,  муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар назди ҳозирин баромад намуда, таъкид дошт, ки сафи донишҷӯён аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳҳои олии кишвар сол то сол афзояд ҳам, аммо муттахассисони баландихтисос кам омода мешаванд. Мо дар ноҳия ба муттахассисони баландихтисоси равоншинос, асабшинос ва рентгенолог ниёз дорем ва умед мекунем, ки аз байни Шумо донишҷӯён чунин муттахассисон тарбия меёбанд.

З. Мирдадо дар идома афзуд, ки теъдоди Квотаи Президентӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар  сол то сол зиёд гардид ҳам, аммо сатҳи тайёрӣ ва дониши довталабон ҳанӯз ҳам қаноатбахш нестанд. Аз ин хотир Шумо донишҷӯёни гиромӣ муттахассиси варзида дар касби интихобнамудаи худ омода гардед, ки дар шароити имрӯза ҳама муассисаву ташкилотҳои ноҳия ба муттахассисони касбӣ ниёз доранд.

Баъдан байни донишҷӯён ва раиси ноҳия мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир  ба 50 нафар донишҷӯ кӯмакпулии яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ  манзури ҳозирин шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.