Мулоқот бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ

 972 боздид

http://president.tj/node/16076

02.09.2017

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо дарназардошти воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориро дар самти омода кардани мутахассисони тоҷик барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ширкати Хуавей бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Дар намояндагии ширкати Хуавей (Huawei) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 140 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, аз он 135 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Зимни мулоқот роҳбарияти ширкати Хуавей омодагии худро барои дар Чин ба омӯзиш фаро гирифтани даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷик иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муосири ҷалби технология ба Тоҷикистон гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.