Мулоқот бо Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад

 797 боздид

Имрӯз, 11-уми сентябр дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқоти Вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ноҳияи Ашт Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад доир ба шарҳу тавзеҳи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад нахуст ҳозиринро ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, зиндагии тинҷу осоишта таманно кард.

Баъдан дар бораи шарҳу тавзеҳи нав ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумот дод.

Дар назар аст, ки чунин мулоқот пагоҳ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор гардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.