11 ноябр дар асоси нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар МТМУ №56 бо сокинони деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Пунук вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ бо аҳли сокинони деҳаи Сарвак роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигарон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ аҳли сокинон, собиқадорон, омӯзгорон ва хонандагонро ба таҷлили Рӯзи Президент, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷашни Парчами миллӣ табрик намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси Ҷамъияти узбекони ноҳия Абдуллоев Муминҷон, сарвари маҳфили адабии «Ворисони Маъдан» Зафар Аҳмад баромад намуда, оид ба наздик будани таърихи миллати тоҷикону узбекон сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ ба муассисаи таълимии №56 китобҳои бадеӣ ва фаннӣ тақдим намуда, ҳамзамон 40 адад оилаи деҳаи мазкурро бо маводи яквақтинаи ғизоӣ аёдат карданд.