Санаи 14 декабр дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оид ба баргардонидани ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордошта, бо пайвандони онҳо баргузор гардид.
Дар мулоқот Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, прокурори ноҳияи Ашт, раиси Ҷамоати деҳоти Ошоба, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, сокинон ва пайвандони ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордоштаи Ҷамоати деҳоти Ошоба иштирок доштанд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт, нисбати баргардонидани ҷавонон аз хориҷи кишвар борҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор кардем, вале натиҷаи дилхоҳ ба даст наомада истодааст. Мо бояд сокинони деҳа, роҳбарияти Ҷамоат бо Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ алоқаро мустаҳкам намоем. Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо бояд фаъол бошанд.
— Аз шахсиятҳои дар ковтуков қарор дошта аксар дар шаҳрҳои Россия кору зиндагӣ доранд, бояд онҳо баргарданд, аз қайди мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гузаранд ва корашро идома диҳанд. Вазифаи аввалиндараҷаи мо ва Шумо ин бо онҳо суҳбат намуда ба Ватан баргардонидан мебошад.
Сафарзода Баҳриддин Сафар прокурори ноҳия дар баромади худ зикр дошт, нақши кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон дар деҳаҳо бояд назаррас бошанд, ҳар як нишонаҳои зуҳуроти пайдоиши ин ҳолатҳо зери таъсир қарор гирад, корбарӣ бо сокинони маҳал дар риоя ва иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшудаи давлат ва ҳукумат дар мадди аввал гирифта шавад.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин суҳбати ошкоро бо аҳли пайвандон ва наздикони дар рӯихати шахсони дар кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ашт қарор дошта ва баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи рӯйхати ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт 73 нафар дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, ки аз онҳо аз Ҷамоати деҳоти Ошоба 15 нафар буда, 4 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз 15 нафар 10 нафар аз деҳаи Ошоба, боқимонда аз деҳаҳои Марҳамат ва Хуҷамбердиев мебошанд, ки онҳо бо моддаҳои 307, иловаи 3, қисми 2 КҶ ҶТ ва моддаи 401, иловаи 1 КҶ ҶТ гунаҳкор ҳисобида шудаанд.