Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Ашт

 613 боздид

28 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон мулоқот намуд.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят зимни суханронии хеш вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар 8 моҳи соли равон таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳо ва Барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия масъулинро муваззаф намуд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар 8 моҳи соли 2019-ум 97,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 28 миллиону 156,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 731,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 95,3 фоиз иҷро гардида, 21 миллиону 909,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд, ки аз нақша 1 миллиону 79,2 ҳазор сомонӣ кам аст.

Дар  маҷмўъ, дар давраи  ҳисоботӣ иҷрои босифати нақшаи андоз пурра амалӣ нашуд ва дар натиҷаи иҷро нашудани нақшаи 4 намуди андоз 2 миллиону 482,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.

— Дар ҳамин ҳол, дар 8 моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт танҳо барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  600 ҳазор  ва дар чор соли охир бошад, бо ин мақсад, ҳамчунин бартараф намудани оқибати офати табиӣ, беҳтар кардани таъминоти аҳолии деҳот бо оби нўшокӣ, сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ғайра беш аз 127 миллиону 202 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ҳамин давра барои сохтмон ва таҷдиду барқароркунии иншооти гуногун дар ноҳияи Ашт, аз ҷумла, сохтмони Қасри фарҳанг, бинои таълимӣ барои 360 хонанда бо толори варзиш ва ошхона дар назди мактаби №13 дар деҳаи Хиштхонаи деҳоти Понғоз, бинои нави мактаб дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдонва амсоли онҳо  аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар маҷмўъ, 38 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, — зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят вазъи иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2016 – 2020” – ро, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 декабри соли 2015, №38 тасдиқ шудааст ва ба он дар маҷмӯъ 186 лоиҳа ворид гардида, барои таъмини иҷрои он бояд 930,3 миллион  сомонӣ масраф карда шавад, таҳлил намуда, корро дар ин самт нокифоя арзёбӣ намуд.

Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ҳарчанд давоми солҳои 2016 — 2018 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шумораи умумии лоиҳаҳо 29 адад, ба маблағи 71,4 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида бошанд ҳам, дар маҷмӯъ таъмини барнома ба ҳолати 1 июли  соли 2019 ба 9,3 фоиз баробар аст, ки ин ҳолат боиси нигаронист.

Раиси вилоят вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва маорифу тандурустии ноҳияро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин бобати таҳкими фаъолияти пурсамар дар ин бахшҳои муҳим супоришҳо дод.

Тибқи нақша дар соли 2019 бунёди 4 корхонаву коргоҳ ба нақша гирифта, то ин дам танҳо 1 коргоҳ бо 12 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаасту халос.

Раиси вилоят ба муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва масъулони соҳа дастур дод, ки ҳамкории  мутақобилан судмандро бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва воридотивазкунанда, ворид кардани технологияи муосир, ба роҳ мондани бастубанди ҷолиб ва содироти хушкмева, инчунин пешгирии қафомонӣ дар истеҳсолот ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат чораҷўӣ намоянд.

Соли равон дар ноҳия дар майдони 13 ҳазору 876 гектар зироатҳо гуногун кишт гардид, ки дар муқоиса нисбати соли 2018-ум 435 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳашт моҳи равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 218 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 миллиону 330 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё дар сатҳи 107 фоиз таъмин шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Ашт 5 ҳазору 398 тонна ғалладона, 3 ҳазору 624 тонна картошка, 5 ҳазору 187 тонна сабзавот, 1 ҳазору 117 тонна полезӣ, 18 ҳазору 702 тонна тонна меваҷот, аз ҷумла 18 ҳазору 624 тонна зардолу тонна, 628 тонна ангур, 3 ҳазору 525 тонна гўшт, 20 ҳазору 324 тонна шир, 5 миллиону 619 ҳазор дона тухм, 207 тонна пашм, 21 тонна пилла, 3,3 тонна асал ва 7 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол гардида, афзоиш аксарияти номгўи маҳсулот, ғайр аз тухм ва пилла аз 100,7 фоиз то 124 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти ноҳияро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолон  ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саъю талош варзида, ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.