Мулоқоти ректорони Донишгоҳҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагон

 1 304 боздид

Имрӯз, 12 феврал дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, вохӯрии ректорони донишгоҳҳоии олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир, сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Насимҷон Тошхӯҷаев,  декани факултаи электромеханикаи  Донишкадаи куҳӣ-металургии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Мухтор Эгамов, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Икром Салимов, омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр намуд, пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо  мекунад, ки барои дар оянда ба як касби хуб ва ба ҷомеа зурур соҳиб гардидан бояд аз имрӯз андеша намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот роҳбарони донишгоҳҳои олии вилоят барои интихоби дурусти касб ба довталабони соли таҳсили 2019 бо имкониятҳои донишгоҳҳо ва шароити таҳсил довталабон аз ноҳияи Аштро шинос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин мулоқот  аз 73 муассисаи таъилимии ноҳия зиёда аз 1000 нафар хатмкунандагон иштирок намуда, аз роҳбарони  донишгоҳҳои олӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.