Мулоқоти Роҳбари ноҳия бо Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

 724 боздид

Дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Иброҳимҷон Воҳидов ҷиҳати саривақт пардохт намудани маблағи об вохӯрӣ доир гардид.

Дар мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 22 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, муовинони сардори ИДБЗО, сармуттахассисон, сардорони шуъбаҳо ва сардорони минтақаҳои истифодабарии об иштирок доштанд.

Тавре ба мо Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз баргузории мулоқот ин аст, ки дар фасли гармо заминҳо оби бисёрро талаб мекунад, барои ин агригатҳои пойгоҳҳои обкашӣ бояд, ки бомаром кор кунад, аммо аз сабаби он ки ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияҳо дар назди мо дар ҳолати пешпардохти молиявӣ қарор доранд, маблағҳое, ки аз тарафи онҳо дар айни ҳол пардохт карда мешавад, барои нигаҳ доштани режими кории агригатҳо нокифоя мебошад. Барои режими кориро мутлақ нигоҳ доштан, агригатҳои захиравиро бояд омода намоем, ки дар ҳолати ягон агригат аз кор мондан мо бояд, ки агригати захиравии онро ба кор дарорем. Ҳоли ҳозир мо дар ҳолати ногувор қарор дорем, ин ҳам бошад дар мо захираи агригатҳо нест. Барои ин хостем, ки бо ассотсиатсияи истифодабардагони об вохӯрӣ гузаронем, ки новобаста аз он ки дар ҳолати пешпардохт қарор доранд, ба ҳар гектар 50 сомонӣ пардохт намоянд, ки мо аз ҳолати ногувори иқтисодӣ, дар вақти гармои тоқатфарсои тобистон бароем.

Дар идома Иброҳимҷон Воҳидов зикр дошт, айни ҳол мо барои пардохти музди меҳнат, дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ  танқисӣ кашида истодаем, барои ин маблағ намерасад. Имрӯз ассотсиатсияҳо моро дастгирӣ намоянд. Баъди он ки ин гармии тоқатфарсо тамом шуд, минбаъд боз бо реҷаи пешинаи худамон кор идома меёбад.

Инчунин дар идомаи вохӯрӣ вазифагузориҳои Раиси ноҳия ба самъи иштирокдорон расонида шуда, зикр гардид, бояд дар муддати 4-рӯз ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об маблағи зикргардидаро супоранд.

Ёрматҷон Мақсудов Раиси ассотсиатсияи истифодабардагони об “Ҷаҳонгир 2005” супориши Раиси ноҳияро саривақтӣ хонда, иброз дошт, ки мо ин ҳама супоришро дастгирӣ менамоем, чун агар об набошад, меҳнати чандинсолаи мо   барабас меравад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 300 коргар кор мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.