27 марти соли равон и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба хонаи собиқадори меҳнат Мӯъминҷон Қаробоев ташриф оварда аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ӯ аз наздик ошно гардид.
Зариф Мирдадо зимни мулоқот бо Мӯъминҷон Қаробоев аз хизматҳои шоистаи ӯ ёдовар шуда, миннатдории худро ба М. Қаробоев баён намуд ва ба ӯ саломативу умри бардавом тамнно кард.
М. Қаробоев 80 сол дошта, 27 сол дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Ашт (ДОСААФ) фаъолияти пурсамар бурдааст. Ҳоло ӯ ҳамчун аъзои Шӯрои собиқадорони меҳнат дар ш. Шайдон фаъолият мебарад.
М. Қаробоев соҳиби 9 фарзанд, 5 писар ва 4 духтар мебошад.
Зимни аёдат ба М. Қаробоев тӯҳфаҳои МИҲД-и ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.
Саодат ИСМОИЛӢ,
Сайидои ШОДӢ