МУРОҶИАТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ АШТ БА РОҲБАРОН, ФАЪОЛОН, ВАКИЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯ

 317 боздид

Ҳамдиёрони азиз! Сокинони ноҳияи Ашт!
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятӣ дар аксари мамолики дунё ва паёмади мушкили он моро ҳушдор медиҳад, бо дасту дили пок, умед ба ояндаи нек, ғолиб омадан ба ин бемории нохонда бо масъулияти дучанд меҳнат кунем.
Бояд зикр намуд, дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳама минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, ноҳияи Ашт Ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфтааст, ки пайваста ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳти назорати доимӣ қарор додаву ҷиҳати пиёда намудани ҳидоятҳои сарвари давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳамаи шумо, сокинони ноҳия эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки пайваста барои тозагии оила, маҳалли зист, ҳифзи саломатии худ кӯшиш ба харҷ диҳем. Баҳри ҳифзи саломатии худ ва пайвандон дар хона бимонед. Қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоед. Бе зарурият ба кӯча набароед ва дар ҷойҳои серодам, коргоҳ, нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯча аз ниқоби худмуҳофизатӣ истифода баред.
Аз падару модарони муҳтарам даъват ба амал меорем, ки фарзандони худро пайваста назорат намоед, нагузоред беҳуда ба кӯча бароянд ё бо ҳамсолон сарҷамъ гарданд. Онҳоро ба китобхонӣ ва дигар машғулиятҳои манфиатбахш ҳидоят созед. Вақти дидору мулоқот доштани фосила ҳатмист, яъне аз ҳамдигар якуним-ду метр дур бошед.
Ба сокинони ноҳия дастур дода мешавад, аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода намоянд: ин амал аз як тараф барои буҷаи оила манфиат орад, аз ҷониби дигар фарзандон ва аҳли оиларо бо кор андармон хоҳад кард.
Дар кӯчаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, бозорҳо, мағозаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши гӯшт, кошонаҳои ҳусн ва умуман ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузори сокинон кам карда шуда, талаботи санитарӣ-гигиенӣ риоя карда шавад.
Ба овозаву навиштаҳои мухталифи расонаҳои хабарии шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед, барои гирифтан маълумот ба расонаҳои эътимоднок рӯ оред.
Бояд гуфт, имрӯз ҳамаи беморхонаву марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон барои расонидани кӯмак ба ҳар яки шумо омодаанд. Табибони оилавӣ муваззафанд, ба ҳар муроҷиати шумо ҷавоб гӯянду хизмати шуморо ба ҷо оранд. Ҳангоми пайдоиши аломатҳои беморӣ ба худмуолиҷа машғул нашуда, ҳатман ба табибони оилавӣ муроҷиат намоед.
МИҲД-и ноҳия эътимод дорад, дар якҷоягиву дастаҷамъӣ ва дастгирии сокинони шарафманди ноҳия ин мушкилотро паси сар хоҳем кард.
Ҳамдиёрони азиз!
Биёед, бо эҳсоси масъулият ва дасту дили гарму пок фаъолият намоем, нисбати пайвандон, наздикон, ҳамдиёрон ва билохир Ватани азизамон Тоҷикистон бетараф набошем. Фарзандони арзандаи ниёгони худ бошем, руҳафтода нагардида, ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, рисолати муқадаси худ, яъне муҳофизи меҳан буданро аз хотир набарорем. Ин санҷиши ҳаётро низ дар такя ба ҳамдигар паси сар хоҳем кард!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.