Ҳамдиёрони азиз!
Барои сокинони ноҳияи Ашт соли 2024 соли пур аз чорабиниҳо ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ аст. Зеро мардуми кишвар дар арафаи таҷлили ҷашни милливу таърихии 30 -солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар раванди корҳои омодагӣ баҳри таҷлили сазовори ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон омодагиҳо роҳандозӣ гардидааст.
Аз таваҷҷӯҳу дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамеша руҳбаланд гардида, сокинони бонангу номуси ноҳия аз оғози сол то имрӯз беш аз 90 километр роҳҳои маҳаллиро пурра тариқи ҳашар бо асфалти гарм мумфарш карданд ва азму ҷаҳд менамоем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагиамон, таъмини зиндагии шоиста пурмаҳсултар меҳнат намоем, корҳои ободониву созандагиро ривоҷ диҳем, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузорем.
Ҳамдиёрони азиз!
Чуноне Сарвари давлат дар Паёми имсола зикр намуданд, миллати тоҷик тамаддуну фарҳанги ғании бисёр қадима доранд, бояд ин фарҳанги ғаниро тақвият дода, дар ҳар хонаву маҳал, дар ҳар деҳаву шаҳрак, диёрамонро тозаву озода, нигоҳ дошта, баҳри сарбазии манзиламон гулу гулбутта, дарахту ниҳолҳои ҳамешасабз шинонем. Ба тозагии ҷӯйбор ва сойҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри тозагии он кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳашарҳои дастҷамъона ташкил намуда, дар соҳилмустаҳкамкунӣ, роҳсозӣ ва таъмини тозагӣ дар гирду атроф масъулияти шаҳрвандии хешро ба ҷой орем. Ба ин васила мо метавонем диёрамонро тоза ва озода нигоҳ дошта, дар миқёси дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешрафта бошем.
Итминон дорам ҳар як сокини ноҳия ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, онро мақсаднок барои таъмини озуқавории мамлакат истифода мебаранд. Оини тоза нигоҳ доштани хонаву кӯчаро риоя намуда, насли ояндасози кишварро дар ин руҳия тарбия менамоед.
Боварии комил дорам, ки ин Муроҷиатномаро дастури кории ҳамарӯзаи худ қарор дода, бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ҷашнҳои дар пешистодаро сазовор таҷлил менамоем.
Дар ин ҷода, ба ҳамаи Шумоён, аҳли заҳмати ноҳия, сокинони баору номуси Ватан, рӯҳу илҳоми тоза, нерӯву ғайрати нав ва бурдбориву комёбиҳои беназир орзумандам.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт