МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ ЗАРИФ МИРДАДО БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ АШТ

 569 боздид

Боиси ифтихори бузург аст, ки Тоҷикистони азиз бо шарофати талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рушд карда, ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст.

Комёбиҳои ҷумҳуриамон, махсусан дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон—таъмини истиқлолияти энергетикӣ назаррас мебошад.

Санаи 9 сентябри соли равон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор оғоз кард.

Ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувори кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Аён аст, ки тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба таъмини бемайлони нерӯи барқ вобастагии зич дорад. Дар ҷаҳони муосир наметавон лаҳзае зиндагиро бидуни барқ тасаввур кард.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми сокинони ноҳияи Ашт муроҷиат намуда, хотиррасон менамоям, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти муқаддаси шаҳрвандии ҳар як сокини ноҳия буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимод ва босифати шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Боварӣ дорам, сокинони ноҳияамон бо истифодаи мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, зимистони имсоларо бидуни мушкилот паси сар менамоянд.

Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ашт Зариф МИРДАДО

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.