Мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс дар ноҳияи Ашт

 1 005 боздид

Дар идомаи марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс дар ноҳияи Ашт, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти баргузории мусобиқа дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода будем, дар расми кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Комрон Машарифов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳияи Ашт мегӯяд, дар марҳилаи ниҳоии бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 даста байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаи мазкур дар доираи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021 гузаронида шуда истодааст.
Дар ин мусобиқа дастаҳои ВМКБ, Хатлон-1,2, Суғд-1, ноҳияҳои тобеи марказ ва дастаи Душанбе-1, байни ҳам рақобат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 100 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки давраи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс байни ҷавонон ва калонсолон аз санаи 7 то санаи 11 апрели соли ҷорӣ дар толори Мактаби варзишии №1 идома ёфта, ғолибонро диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.