12 марти соли ҷорӣ бахшида ба иди Наврӯз ва Соли ҷавонон мусобиқаи ноҳиявии таэквандо байни ҷавонон ва наврасон оғоз гардид. Дар ин бора аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар мусобиқа писарон ва духтарони варзишгар аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок менамоянд.
Мақсад аз роҳандозии мусобиқа рушди ин намуди варзиш дар ноҳия ва омода намудани варзишгарони беҳтарин арзёбӣ гардид.