Намоишномаи “Мардикорон” ҳаёти муҳоҷиронро инъикос намуд

 939 боздид

Аз санаи 4 то 9 феврали соли равон дар муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия намоишномаи “Мардикорон” аз рӯи асари нависанда Ҷумъа Қудус ба намоиш гузошта шуд, ки онро зиёда аз 2 ҳазор хонандагон ва сокинони ноҳия дидан намуданд.

Коргардони намоишнома Бузуруков Рофи буда, дар он нақшҳои асосиро Нисо Бобохонова, Эраҷ Шодиматов, Акмал Турсунов, Убайдулло Миродиев, Валиева Мақсадой ва дигарон бозидаанд.

-Мақсад аз ба саҳна гузоштани намоишномаи “Мардикорон” кушодашавии мавсими театрӣ, ба сокинон нишон додани мушкилоти ҳаёти муҳоҷирон барои ба даст овардани маблағҳои ночиз дар мулки бегона аст.  Дар охири намоишнома нишон дода шуд, ки ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, метавонанд зиндагии худро дар Тоҷикистон гузаронанд,- иброз дошт Ҳасан Холов, муовини директори Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М.Воҳидов

Гуруҳи эҷодии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов ба фестивали ҷумҳуриявии “Парасту-2017”, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад аз рӯи асари нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев “Вопасин арӯси  Ал-мӯъминӣ” омодагӣ мебинанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.