Нақшаи даъват дар баъзе ҷамоатҳо пурра иҷро нашудааст

 1 089 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 2-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовинони раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва Аниса Ҷалилӣ, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия Сулмонов Қурбоналӣ ва ҷонишини ШВКД дар ноҳияи Ашт полковники милитсия Каримов Раҳим ситоди ноҳиявӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар он ҳамчунин раисони ҷамоату шаҳраки деҳот ва муаллимони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.

Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия таъкид намуд, ки дар баъзе ҷамоатҳои ноҳия нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро нагардида, корбарӣ дар ин самт суст мебошад.

Мақсад аз баргузории ситоди ноҳиявӣ ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ гардид.

Дар охир ба масъулин барои пурра иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.