Нақши матбуот дар замони муосир назаррас аст

 1 815 боздид

Имрӯз, 10 марти соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 105-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.

Нахуст, дар чорабинӣ и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо рӯзноманигоронро ба рӯзи касбӣ  таҳният гуфта қайд кард: “ 105 сол муқаддам, яъне 11-марти соли 1912 шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” аз нашр баромад ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар қаламрави кишвар ҷашн гирифта мешавад. Матбуот ва ВАО  дар замони муосир ҳамчун як самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши бендоза дорад. Имрӯз дар ноҳия сомонаи навтаъсиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”, телевизиони “Ашт”, ширкати телевизион ва радиои “Диёр” ва радиои “Садои Ашт” фаъолияти пурсамар дошта, дар таъмини фаъзои иттилоотии ноҳия мусоидат мекунанд”.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот ба якчанд собиқадори соҳа ва рӯзноманигорони ҷавон, ки дар ВАО-и ноҳия фаъолият мебаранд бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиротӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.