Имрӯз, 19-уми июн дар истироҳатгоҳи деҳаи Бободархон кушодашавии лагери тобистонаи толибилмон баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва мудири маорифи ноҳия Ҳайдарзода Муяссар иштирок намуданд.
Нахуст Аниса Ҷалилӣ сухан гуфта, ба толибилмон истироҳатии хуш таманно кард.
Баъдан Ҳ. Муяссар зимни суханронӣ гуфт, ки дар истироҳатгоҳи мазкур ҳамасола толибилмон ба истироҳат ҷалб карда мешаванд. Соли ҷорӣ дар се баст хонандагон дар ин истироҳатгоҳ, истироҳат мекунанд.
Дар басти аввал 50 нафар наврасон ба истироҳат ҷалб карда шуданд. Дар назар аст, ки дар басти дуюм ва сеюм 60 нафари хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шаванд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ аз ҷониби наврасон тақдими ҳозирин шуд.