НАВРӮЗИ ОЛАМ БА САОДАТ ЭҲДО ШАВ! (Нигошта ва тасвиргузориш аз ҷараёни таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Ашт)

 938 боздид

Имрӯз  дар маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон сокинони ноҳия бо як ҷаҳон суруру шодмонӣ ва шукргузорӣ аз амониву рушди меҳани азиз яке аз ҷашнҳои мубораку фархунда ва беназир—Наврӯзи Аҷамро таҷлил намуданд.

Субҳгоҳон садои карнаю доира, бо либосҳои хушнамуду табъи болида роҳ гирифтани мардум ҷониби боғи ба номи М.Воҳидов, оростани хаймаҳои наврӯзӣ, омода намудани суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ, намоиши маҳсули дастони моҳир ва арзишҳои ниёгон чӣ тавассути таому нону фатир ва чӣ маҳсулоти мухталифи дигар аз пайки хушу қудуми озодаи Наврӯз гувоҳӣ медод. Дар ин рӯз, бахусус шодии кӯдакон беканор буд: ҳама чун ғунчаҳои навбаҳор шукуфону беқарор ва мамнун буданд.

Фасли Наврӯз гашт саҳро лолазор,

Занги дилро мебарад бӯйи баҳор.

Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,

Кӯдакон андар тамошо беқарор.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо ҳамроҳии меҳмонони ноҳия аз хаймаҳои наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан карданд.

Баъди тамошои гирду атрофи наврӯзгоҳ меҳмонон ба саҳнаи таҳният баромаданд. Табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби сардори Раёсати минтақавии  рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким қироат карда шуд. Қайд гардид, тоҷикон  идҳои зиёдеро таҷлил менамуданд, аммо байни онҳо Наврӯз мақому манзалати хоса дорад, ин иди кишту кор, баробар шудани шабу рӯз, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва омадани гармиву дурахши беназири хуршед аст. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд: “далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи он табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон бо умеди ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона мепошад…”

Раиси ноҳияи Ашт бо самимияти афзун ва эҳтиром ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки мероси беназири ниёгон аст, аҳли сокинони ноҳияро таҳният гуфт. Қайд карда шуд,  сокинони шарафманди ноҳия чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо-Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар радифи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилал дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қабили, Иди Сада, намоиши ниҳолҳо, фестивали “Атласу адрас”, “Чакомаи гесӯ”, озмунҳои “Дастархонороӣ”, “Сайри гули лола” бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, ташвиқу тарғиби расму оин, фарҳанги зебопарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва густариши корҳои ободонӣ дар маҳал баргузор гардида, дар тантанаи имрӯзаи наврӯзӣ фестивали “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, озмунҳои “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ва “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардиданд.

Бигузор Наврӯз хушиву саодат, суруру серӣ, осоишу оромиш биёварад ва самои кишвари азизамон осудаву амн бошад!

Баъдан ба чанд тан аз кормандони пурмаҳсули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, О.Шодиев—сардори Нозироти андози ноҳия, З.Мамадҷонов—раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Муртазо Назира—мудири САҲШ-и ноҳия, У.Норчаев—раиси ҷ.д.Ифтихор, М.Қирғизов—директори МТМУ №46 ва ҳамчунин ғолибони фестивал-озмуни “Ҳунар—беҳтар аз зар” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти ноҳия супорида шуданд.

Ғолибони озмунҳои “Арчаи беҳтарин”—шуъбаи маорифи ноҳия, “Хаймаи беҳтарин”—ҷ.ш.Шайдон, “Оши беҳтарин”—ҷ.д.Понғоз, “Суманаки беҳтарин”—ҷ.д.Меҳробод эълон шуданд.

Наврӯзи олам ба шарофат, ба саодат эҳдо шав,

Эй бани Одам ба муҳаббат, ба муҳаббат эҳё шав!

Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда бо омадани арӯси фасли баҳор шеъри наврӯзӣ бар лаб оғоз гардид. Суруди “Бойчечак”-ро гурӯҳи хурдсолон хеле бомаҳорат иҷро намуданду саҳнаро ба Марди Деҳқон супориданд.

“Мулк амну обод, мардум дилшод, дастархони кулли сокинони меҳан пур аз неъмату фаровонӣ бошад, донаи ба замин пошидаи деҳқон ҳосили фаровон диҳад, Наврӯзи навбаҳорон фақат шодиву сериву пуриву амонӣ орад. Дурмонда ба оғӯши пайвандон бирасад, бемор сиҳат ёбад, қаҳриҳо оштӣ шаванду кинаҳоро аз дил бубаранд…”—даст ба дуо бардоштанд Деҳқонбобо ва аҳли ширкаткунандагон.

Дар иҷрои санъаткорони бомаҳорати ноҳия ва гулдухтарони раққос чорабинӣ идома ёфт. Ҳозирин аз сурудҳои наврӯзӣ, рақсҳои дилошӯб ва саҳнаҳои дилфиреб лаззат бурданд.

Чорабинии фарҳангиро ҳунарнамоии яке аз сарояндагони маҳбуб Эркин Одинаев ҳусни анҷом бахшид.

Сайругашти идонаи аҳли сокинони  ноҳияи Ашт дар маркази ноҳия то дергоҳ идома ёфт.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.