НЕШИ КАЖДУМ НА АЗ ПАЙИ КИН АСТ… (Ибрози назар ба филми мустанади “Хиёнат”)

 945 боздид

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зидди инсонӣ ҷиҳати роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар зарфи бисту нӯҳ соли соҳибистиқлолӣ мо — халқи тоҷик ба шарофати меҳнати софдилона таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.
Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоем.
Нобасомониҳои солҳои навадум, оқибатҳои даҳшатнок, зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркуширо хуб дар ёд дорем ва ба хотири ба қадри имрӯзи осоишта, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияти давлатӣ расидан, он таҷрибаи талхи ба даст омадаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавирус COVID-19 сахт ба ташвиш овардааст, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистонро. Аз оғози ин вабои аср Ҳукумати мамлакат, бевосита бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода, дар сатҳи кишвар ва шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии интиқолёбии ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт низ ситод таъсис ёфта, баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии сокинон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд.
Бовуҷуди ин аз ҳар як сокини ноҳия хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати паси сар намудани мавҷи дуюми паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиашонро қатъиян риоя намуда, бе зарурият дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гашту гузор нанамоянд ва ҳангоми берун аз хона будан ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода намоянд. Фарзандонро бе назорат нагузошта, дар хона онҳоро ба хондани китоб, машқҳои варзиши хонагӣ ва ба дигар машғулиятҳои манфиатбахш ҷалб намоянд.
Боварии комил дорем, ки бо сарҷамъиву муттаҳидӣ, бо риояи тавсияҳои пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо паси сар намудани вазъияти ба вуқуъ пайваста, ба зудӣ аз ин буҳрони ҷаҳонии COVID-19 низ раҳо меёбем.
Мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла, мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт дар ин рӯзҳои ҳассос ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар гардида, пеш аз ҳама, барои ба даст овардани ризқу рӯзии худ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониашон дучанд меҳнат намуда, кишти такрории ғалладонагиҳо ва дигар намуди зироатҳоро ба роҳ монда истодаанд, ки дар ниҳояти кор ба сериву пурии дастархонашон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги милливу таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор додани 301 иншоотҳои мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда шудааст.
Дар давоми нимсоли якуми соли 2020 бо истифодаи ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар 12 иншоотҳо корҳои сохмонию таъмир ва азнавсозӣ, дигар корҳои ободониву созандагӣ ба маблағи умумии 2693,3 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла, 3 майдончаҳои варзишӣ, 2 синфхонаи иловагӣ, маркази савдо, мағозаи тиҷоратӣ, купруки мошингузар, сартарошхона, ошхона ва якчанд иншоотҳои дигар.
Боиси қайд аст, ки дар ин муддат сокинон ва соҳибкорони банангу номус ва хайрхоҳу саховатпешаи Ҷамоати деҳоти Понғоз бо иқдоми созандаи худ роҳҳои дохили деҳаҳои Понғоз, Бободархон, Хиштхона ва Сароро ба дарозии 11,3 км бо сарфи наздики 4 миллион сомонӣ мумфарш намуданд, ки ин амал сазовори аҳсан гуфтанҳост. Албатта иқдоми созандагиву бунёдкорӣ дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома ёфта, сохтмони 6 иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд дар масоҳати 0,93 га, бо арзиши лоиҳавии 2 млн. 513,4 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон дорои 12 синфхона барои 360 хонанда, аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо арзиши лоиҳавии 8 млн, 705 ҳазор сомонӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 бо толори варзишӣ ва ошхона дар Ҷамоати деҳоти Понғоз барои 620 нафар хонанда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, бародарон-Мақсудҷоновҳо бо арзиши лоиҳавии 9 млн, 900 ҳазор сомонӣ, бунёди ҳавзи моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ширкати сохтмонии Рахшона”- роҳбараш Мамадҷонов Шуҳрат дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, дар масоҳати 44,54 гектар ҳавзҳо бо ғунҷоиши 101,8 ҳазор моҳӣ, ва арзиши лоиҳавии 2 млн. сомонӣ, бунёди боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур”, сардхона ва сехи коркарди мева дар Ҷамоати деҳоти Ошоба аз ҷониби соҳибкор Мақсудҷонов Зайлобиддин идома ёфта, дар арафаи анҷомёбист.
Ин ҳама пешравиҳову ободкориҳо шаҳодати онанд, ки мардум бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, зиндагии осоишта, истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва Сарвари хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат намуда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.
Чизи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи кишварамонро нигарон кардааст, рафтори хоинони миллату давлат аст, ки ҳамарӯза матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд. Ин ватангадоёни бе Ватан ба хотири расидан ба мақсаду мароми разилонаи худ аз вазъияти ба сари башар омада истифода бурда, мехоҳанд мардумро ба таҳлука андозанд ва нобовариашонро нисбати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон раҳнамун намоянд. Чуноне ки дар урфият мегӯянд, кӯзапуштро танҳо гӯр ислоҳ менамояд.
Омода ва расонаӣ намудани филми мустанади “Хиёнат” тариқи шабакаҳои телевизонии кишвар айни муддао буда, бозгӯ аз кирдору фаъолияти зиддимиллии роҳбари собиқ ҳизби мамнӯи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошад. Дар ин филм кирдору рафтори пайравони ТТЭ ҲНИ, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ва ҳанӯз ҳам дар хориҷи кишвар ба хотири манфиати худу хоҷагонашон бо зӯроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, баръало ифшо гардидааст. Мардум чеҳраи аслӣ ва воқеии ин нохалафонро кайҳо шинохтаанд, кӣ будан ва чӣ хостани онҳоро ба хубӣ медонанд. Ин хоинон каждумҳои таги бурёро мемонанд, ки табиаташон неш задану азият додан аст.
Неши каждум на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст!
Албатта, мо мардуми ноҳияи Ашт ҳама гуна сафсатагӯиҳо ва кирдору амалҳои хоинонаи ватанфурӯшонро дар симои Муҳиддин Кабирӣ, ки мудом ба сари кишварамон аз дур истода санги ифротӣ мепартояд, маҳкум менамоем, бо надодани ҳушёрии сиёсӣ муқаддастарин рисолати шаҳрвандии худро баҳри пойдории амният дар Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ менамоем ва баҳри пешрафти сарзамини худ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Тоҷикистон дигар он кишвари ҷангзадаву хароб нест! Ватани маҳбуби мо сисола мешавад: ҷавони сисолаи ҳузарб, ки имкон дорад, ҳама муштҳои сӯяш дарозгаштаро бо қудрату тавоноиаш пас гардонад. Мардуми Тоҷикистон дигар он хоинону ватанфурӯшон ва ҳадафи пур аз ғарази онҳоро дарк кардааст! Фарзандони диловару меҳандӯсти Тоҷикистон ин замон метавонанд, кишвари азизи худро ҳимоя кунанд ва гирифтори доми пур аз балову фитнаи хоинони Ватан набошанд!

Мутриба АБДУЛЛОЕВА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.