Нест бод Кабирӣ ва фикрҳои бардурӯғи ӯ

 1 072 боздид

Дар Тоҷикистони азизи мо ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо карда шудааст. Дар кишварамон барои диндорон низ шароит муҳайёст, масҷидҳои замонавӣ рафтан ба зиёрати Ҳаҷ ва ғайра. Бо вуҷуди ҳамин ҳам баъзе аз кӯрдилон теша ба решаи давлат зада, аз ин имкониятҳо на бо таври дуруст, балки ба таври нодуруст истифода мекунанд. Яке аз хоини давлат, Кабирии риёкор аст, ки ин ҳама имконоти мавҷударо нодида мегирад ва дар бораи давлати озоду ободи Тоҷикистон гапҳои дурӯғу нозеб мегӯянд. Аммо имрӯз Тоҷикистон давлати пурзӯру халқаш халқи хомро аз пухта фарқ мекардагӣ. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш наметавонанд, ки дуруғгӯйи байни тоҷику тоҷикистонӣ фитна андозанд. Халқи тоҷик дигар халқи зудбовару сода нест. Нест бод фикру ақидаи Кабирӣ! Нест бод дурӯғу сиёҳкорӣ! Ҳамин нуқтаро мо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Сарипули Ҷамоати деҳоти Пунук ҳамеша дар мулоқот ба хонандагон таъкид мекунем. Таъкид менамоем, ки хонандагон озодфикр, дурандеш ва адолатпарвар бошанд. Ба гапу калочаи сохтаву бардурӯғ бовар накунанд. Ҳамеша дар ҳар куҷо, ки набошад пайравии Пешвои муаззами миллат бошанд. Зеро ҷонбозиҳои сарвари давлатамон бобати ба даст овардани сулҳу оромӣ дар кишвар шоистаи таҳсин мебошад. Ҷавонони шуҷои диёр ҳамеша аз як гиребон сарбароварда, роҳ надиҳанд, ки Кабирии душмани давлат ҳеҷ гоҳ сарбаланд нагардад. Омӯзгорони муассиса, дар соатҳои тарбиявӣ оиди кирдор ва бадрафтории Муҳиддин Кабирӣ ба хонандагон нақл карда онҳоро ба огоҳию зиракии сиёсӣ даъват мекунанд. Шиори хонандагони муассисаи мо Нест бод Кабирӣ ва фикрҳои бардурӯғи ӯ! Гарчанде, ки Муҳиддин Кабирӣ дар дигар давлат бошад, ҳам мехоҳад тариқи гуфтаҳои ноҷояаш ба Тоҷикистони маҳбуби мо зарар расонад. Аммо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар корро хуб ба роҳ мондаанд, оромии халқу миллатро ҳамаҷониба таъмин менамоянд ва намегузоранд, ки Кабирӣ ва ҳамфикронаш ба мақсад бирасанд. Ин бадкорон худро ҳамчун мубориз ва ҷоннисори Ватан нишон дода, аммо ба қавле корро дар коса буд намекунанд. Бояд ба гапи ин гуна риёкору бадхоҳон бовар накунем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.