Ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба

 304 боздид

Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ба маъракаи умумӣ ва дастамҷамъона табдил гаштааст. Имрӯзҳо дар ҳар як гӯшаҳои диёр тадбирҳои мунтазами ниҳолшинониву сабзкорӣ бо ҳашарҳо ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Ҷи хеле, ки қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи татбиқи амалии сиёсати ободкорона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06.2024, таҳти №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва ҳамзамон, дар заминаи гузоштани саҳми фаъолона дар ҷараёни Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ бо номи “Дарахт биншон” ба давраи аз 7-уми январ то 31-уми марти соли ҷорӣ, ки баҳри беҳтар гардонидани вазъи экологии кишвар пешбинӣ шудааст, дар ҳар як деҳа, маҳаллаву кӯча, хиёбону гулгаштҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маъракаи шинонидани ниҳолу дарахтҳои ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкан ва гулу гулбуттаҳо рӯ ба вусъат доранд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ба ин маъракаи муҳим, ки асоси он хурраму ободу зебо гардонидани муҳит дар ҳар як гӯша мебошад, аҳамияти махсус зоҳир карда шуда истодааст.

Дар ин замина, бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарият ва кормандони Ҷамоати деҳоти Ошоба, Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт”, фаъолон дар ҳашари дастамҷамъона барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзи навъӣ сӯзанбарг дар ду қади роҳи “Марҳамат – Ошоба” иштирок намуданд. Дар натиҷа, бо ин тадбир 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо баробари изҳори миннатдорӣ масъулони Ҷамоати деҳоти Ошоба ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” дастуру вазифагузорӣ намуданд, ки барои ҳамешасабзӣ, нашъунамои мураттаби ниҳолҳои шинонидашуда ва объёрӣ дар дигар мавзеъҳо низ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ошоба тибқи иттилоъ ба санаи ҳисобӣ зиёда аз 5000 бех ниҳолу дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 63 фоизи нақшаи пешбинишударо дарбар  гирифтааст ва раиси Ҷамоати деҳоти Ошоба Азизов Умедҷон изҳори боварӣ намуд, ки нақшаи пешбинишуда пурраву барзиёд иҷро мегардад.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.