Нишасти матбуотии Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

 909 боздид

Имрӯз, 28 июли соли ҷорӣ дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия нишасти матбуотии Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки як зумра хабарнигорон аз вилояти Суғд, кормандони рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» ва эҷодкорони ноҳия сурат гирифт.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 маърӯза намуд.

Гуфта шуд дар нимсолаи аввали соли 2018 дар ноҳия соҳаи саноат ба маблағи 71 миллиону 412 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017, 10 миллиону 487 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот ба 117,2%  таъмин шудааст.

Дар давраи сипаришудаи соли 2018 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия 3 коргоҳҳои саноатӣ ташкил карда шудааст. Дар маркази ноҳия аз тарафи ҶДММ “Хорои Хуҷанд” коргоҳи коркарди санги хоро бо арзиши 1,4 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири хитоӣ бунёд карда шуд, ки иқтидори истеҳсолиии он 3000 метри мураббаъ санги сохтмонӣ дар як сол буда, 20 нафар муттахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Боиси қайд аст, ки дар ин муддат бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои мутташаккили ВКД-и ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 6 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба суолҳои вазъи ҷинояткорӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳия ва пешгирии онҳо аз ҷиноят ва ҷинояткорӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ, таъмини шоистаи зиндагии мардум, ташкили ҳаммом, сартарошхона ва ҷойҳои истироҳатӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, пешрафти фаъолияти марказҳои атласу адрасбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ,соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти ноҳия таъмири роҳҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз аҳамияти хоса зоҳир намуда, аз тарафи Роҳбари МИҲД-и ноҳия ба суолҳои худ посух гирифтанд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.