Нишасти матбуотии Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

 1 547 боздид

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии Раиси ноҳия бо иштироки як зумра хабарнигорон аз вилояти Суғд, кормандони рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» ва эҷодкорони ноҳия сурат гирифт. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба суолҳои вазъи ҷинояткорӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳия ва пешгирии онҳо аз ҷиноят ва ҷинояткорӣ, таъмини шоистаи зиндагии мардум, захираи меваю сабзавот, ташкили гармхона ва сардхонаҳо дар ноҳия, пешрафти фаъолияти марказҳои атласу адрасбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ,соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти ноҳия посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар зер чанде аз фишурдаи онро меоварем:

—Вазъи ҷинояткорӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо дар ноҳия дар кадом сатҳ аст?

—Соли 2017 дар ноҳия 240 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2016 33 ҳолат кам мебошад. Ҳамаи ҳолатҳои ҷиноятии ба қайд гирифташуда ошкор гардидаву нисбати ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Бояд зикр кард, ки ошкоркунии Ҷиноят нисбати соли 2016 13 % зиёд мебошад.

—Ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳия дар кадом сатҳ аст?

—Фаъолияти 26 толорҳои варзишӣ, 4 майдони калони варзишӣ, ҳамчунин ба нақша гирифтани сохтмони 9 майдони варзишӣ дар ҳамаи 9 Ҷамоатҳои ноҳия ва як майдони сунъӣ, ташкили мактаби варзишӣ оид ба футбол гувоҳи афзоиши ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳия мебошанд.

—Дар ояндаи наздик баҳри зиндагии шоистаи мардуми ноҳия чи чораҷӯйиҳо андешида мешаванд?

—Мо барои мардум кор мекунем. Чун ноҳия, ноҳияи пахтакор аст, нақша дорем, ки дар деҳаи Дӯстӣ фабрикаи ресандагӣ кушоем. Кушодани корхонаи коркарди санги хоро, сехи макаронбарорӣ ва корхонаи коркарди шир дар назар аст. Кушодани чунин корхонаҳо ҳам таъсиси ҷойи кори доимӣ асту ҳам камшавии сафи муҳоҷирон.

—Соҳаи маорифи ноҳия аз нарасидани омӯзгорони кадом фан азият мекашад?

—Соҳаи маорифи ноҳияро набудани омӯзгорони равоншиносӣ ноҳинҷор кардааст. Аммо мо тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик макотиби ноҳияро ба омӯзгорони равоншинос таъмин намоем.

—Ҷамъияти матлуботи ноҳия барои мардум чӣ қадар меваю сабзавотро захира кардааст?

—Ҷамъияти матлуботи ноҳия 40 тонна картошка, 30 тонна пиёз ва 30 тонна себро барои зимистони солҳои 2017-2018 захира намудааст.

—Шумораи масоҷиди ноҳия?

—Дар ноҳия ҳамагӣ  65 адад масҷид буд, ки аз он 6 ададаш баста шуд. Аз 59 адад масҷид 5 тояш масҷиди ҷомеъ боқимондаҳо масоҷиди панҷвақта мебошад.

—Дар соли 2017 чӣ қадар замин аз ҷониби сокинону мансабдорони ноҳия худсарона гирифта шудааст?

—Тибқи таҳлилҳо ҳолати худсарона гирифтани замин аз тарафи мансабдорон дида намешавад. Нисбати 24 нафар шаҳрвандоне, ки худсарона соҳиби замин гаштаанд чораҳои зарурӣ андешида, заминҳо ба давлат баргардонида шуданд.

—Хисороти тундбоди шоми 26 декабри соли 2017 дар ноҳия чӣ миқдор аст?

—Тундбоди шоми 26 декбар ба ноҳия ҳамагӣ 1830 млн. сомонӣ зарар овард. Мо кӯшиш кардем, ки ҳарчӣ зудтар оқибатҳои нохуши офатро бартараф созем. Дар корҳои рафъсозии зарари тундбод аз фонди Раиси ноҳия 30 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Ҳамчунин хисороти Ҷамоати деҳоти Понғоз ва Ошоба аз ҳисоби Филиали Агентии Тоҷиксуғурта дар ноҳияи Ашт рӯйпуш карда шуд.

Дар анҷом баҳри равнақи кор аз ҷониби рӯзноманигорон чанд дархосту пешниҳод дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.