НОБ-И РОҒУН ЧУН ГАРДОН МЕШАВАД…

 757 боздид

(Илҳом аз шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат дар бунёди Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун)

НОБ-и Роғун чун гардон мешавад,

Шуълаи хуршеди тобон мешавад.

Тоҷики меҳанпарасту мардро,

Он чароғи нури имон мешавад.

НОБ-и Роғун чун гардон мешавад,

Обрӯи ҷумла ёрон мешавад.

Дар китоби мардию мардонагӣ,

Ифтихори Тоҷикистон мешавад.

НОБ-и Роғун чун гардон мешавад,

Равшанибахши шабистон мешавад.

Аз ҷасорат, аз маҳорат, аз ҳунар,

Сад мисол дар чархи гардон мешавад.

НОБ-и Роғун чун гардон мешавад,

Он нишони нури Раҳмон мешавад.

Аз дуои неки халқи олишон,

Ё табаррук назди Яздон мешавад.

Эй бародар, тоҷику тоҷикписар,

Бошадат гар нури раҳмонӣ ба сар,

Ҷойи ту Роғуну Роғун ҷойи туст,

Шаҳри Роғун манзилу маъвои туст.

 

Баҳриддин МИРЗОАЛИЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.