18-уми феврали соли ҷорӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷамоати шаҳраки Шайдон нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Анҷумани «Пайванд” ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода суханронӣ намуда қайд кард: “Баҳри дар амал татбиқ кардани Паёми Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳо кӯшишу заҳматҳои худро равона сохта, барои пешгирии омилҳои номатлуб байни сокинон тадбирҳои зарурӣ андешем”.
Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” Субҳон Кошонов нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода зикр кард, ки ҷавонон қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Аммо гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ дошта ба назар мерасад. Талош менамоем то ҷавонон ба гумроҳӣ нараванд.