Субҳи имрӯз санаи 18 июни соли 2020 бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар Ҷамоати деҳоти Понғоз таъмири асосии зиёда аз 9км роҳи Шайдон — Понғоз оғоз гардид. Ба ҳисоби мутахассисон зиёда аз 54 ҳазор метри квадратӣ бо паҳноии 6 метр мумфарш карда шуда, зиёда аз 6 ҳазор тонна асфалти гарм истифода бурда мешавад. Саҳмгузорони ин ободкорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша, сокинони деҳаҳои Понғоз, Хиштхона, Бободархон ва Саро мебошанд. Барои амалӣ шудани ин иқдоми нек тақрибан 3 миллион маблағ сарф мегардад. То оғози мумфаршкунӣ тариқи ҳашар роҳҳо васеъ карда шуда, бо техникаҳои махсуси роҳсозӣ ҳамвор ва барои мумфаршкунӣ омода карда шуданд.
Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3км роҳи Понғоз – Шайдон, ки солҳои сол дар ҳолати ногувор қарор дошт, пурра мумфарш карда шуд. Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро рӯҳбаланд намуд ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша дар 3 соли охир 5 ҳазору 600 тонна асфалт харидорӣ карда шуда, 13км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардид, ки маблағи умумии он 2 миллиону 530 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар деҳаи Саро низ ин иқдоми нек идома дошта, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба масофаи наздик 2км оғоз гардид.