Оғози кишти пахта дар ноҳияи Ашт

 1 660 боздид

Бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо кишти аввали пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии “Саминҷон”, “Ҳоҷибобо”, “Бобои об”, “Нӯъмон”, “Ғайрат”, “Пешсаф”, “Ҳабибхон” ва “Меҳроҷ”-и ноҳия оғоз гардид.

Зариф Мирдадо бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз наздик шинос гардида, ба роҳбарони он таъкид намуд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта кӯшиш ба харҷ дода, ҳар як ваҷаби заминҳои обёрикардашударо самаранок истифода баранд.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод барои ҳосилнокии баланди пахта зиёда аз 710 тонна навъҳои чигит зихира гардидааст, ки соли ҷорӣ кишт карда мешавад. Соли гузашта дар майдони 4707 гектар кишти пахта ба роҳ монда шуда, 9545 тона пахта ҳосил карда шуд.

Тибқи иттилои масъулин соли ҷорӣ дар назар аст, ки майдони кишти пахта васеъ карда шуда, ҳамзамон нисбат ба солҳои қаблӣ кишти пахта зиёд гардад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.