Оғози кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт

 438 боздид

 

Имрӯз, санаи 7 апрели соли равон, роҳбарияти ноҳия дар Ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ифтихор ва Ошоба дар маъракаи кишти пахта ширкат варзида, бо пирони рӯзгор ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуданд.
Бо дуои пирони рӯзгор дар хоҷагии деҳқонии “Пискокат” ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Имсол дар ин хоҷагӣ дар майдони наздик 4 гектар пахта кишт карда шуда, аҳли заҳмати хоҷагӣ бо ҳавасмандии зиёд ва умед ба ҳосили фаровон дар замин меҳнат мекунанд.
Инчунин Раиси ноҳия ба бригадаи 7-уми ҶДММ “Рахшона”, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар ва хоҷагии деҳқонии “Моҳии сабр” дар майдони наздик 6 гектар пахта кишт карда мешавад, ташриф оварда, ба маъракаи кишти пахта иштирок намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Ашт соли равон, дар 6 ҳазору 200 гектар пахта кишт гардида, кишоварзон асосан аз тухмиҳои навъи туркӣ, хитоӣ ва қисман ватанӣ истифода мебаранд. Барои сари вақт гузаронидани кишт дар ноҳия наздик 800 тонна чигит захира карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кишти пахта дар боқимонда Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия муташаккилона оғоз карда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.