Бахшида ба истиқболи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, дар Ҷамоати деҳоти Ашт, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории “Фонди рушди Арабистони Саудӣ”, бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Тавре ба мо директори МТМУ № 25, Шералиев Даврон иттилоъ дод, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории “Фонди рушди Арабистони Саудӣ”, бинои МТМУ №25 аз нав бо тарҳи замонавӣ иборат аз 4 ошёна ва 24 синфхона барои 640 нафар хонанда дар як баст ва толори варзишӣ бунёд карда мешавад.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт зимни сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Ашт, аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии рақами 25, дар таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.