Оғози мусобиқаи каратэ-до дар Ашт

 910 боздид

Имрӯз, 18 марти соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Шайдон бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба каратэ-до байни наврасон ва ҷавонон оғоз гардид. Дар ин бора мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, Ҷамшед Насриддинов иттилоъ дод.

Дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгар аз ноҳия ва шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара ва Спитамен иштирок мекунанд.

Ҷамшед Насриддинов бар он назар аст, ки баргузории мусобиқаи мазкур барои наздик шудани робитаи дӯстии варзишгарон мусоидат мекунад.  Ҳамзамон барои рушди варзиши каратэ-до дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Мо беҳтарин варзишгаронро дар намуди варзиши каратэ-до муайян кардем ва онҳо бо мураббиёни худ пайваста машқу тамрин мекунанд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.