ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА БОКС

 234 боздид

Тавре иттилоъ дода будем, дар таркиби намудҳои мухталифи варзиш намуди бокс дар байни варзишгарон ва мухлисону ҳаводорон маҳбубияти худро дошта, ноҳияи Аштро дар риштаи ин намуд бо дастпарварони маъруф ва ғолибони чемпионатҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷа ба хубӣ мешиносанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар идомаи баргузории якчанд чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1, воқеъ дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс байни наврасон, ҷавонон ва духтарони солҳои таваллудашон 2016-2017,  2015, 2013-2014, 2011-2012, 2009-2010, 2007-2008, 2005-2006 ба хотири гиромидошти номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс Алибоев Баҳодур ва бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Марҳум номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс Алибоев Баҳодур дар оилаи зиёӣ – табиб  ба дунё омада, ӯро мардуми ноҳия ҳамчун табиб — чарроҳ, соҳибкори муваффақ бо хислатҳои неки ҳамидаи инсонӣ, хайрхоҳу эҳсонкор, бо оилаи солиму фарзандони солеҳ  ва варзишгари номии ноҳия мешинохтанд ва иззату икром доштанд.

Дар маросими кушодашавии ин чорабинии  варзишӣ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тамоми мардуми ноҳияи Ашт меҳмонон ва иштирокдорони мусобиқаро хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки мусобиқа барои тарғиб ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, ривоҷу равнақ додани намуди гӯштини бокс, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарони давлатҳо ва даръёфти чеҳраҳои нави муваффақ баргузор гардида истодааст.

Аз ташриф ва иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои ба мо дӯсту наздик- Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҳамзамон варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро бо хушнудӣ ва эҳтироми хоса истиқбол намуданд.

Итминони он намуданд, ки тайи рӯзҳои дар меҳмонии мо қарор доштаи меҳмонон, мураббиёну варзишгарон таассуроти хуб дар дилу дидаи онҳо то дер ҷой мегирад ва дӯстиву бародарии байни наврасону ҷавонон мустаҳкамтар мегардад.

Дар суханронии хеш Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зикр намуданд, ки: «Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Мусобиқа дар асоси талабот ва қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии бокс роҳандозӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ 219 нафар варзишгарон байни ҳам қувва меозмоянд, ки баргузорӣ ва қувваозмоии варзишгарон санаҳои 14-17-уми сентябри соли ҷориро дарбар гирифтааст. Анҷоми мусобиқаро бо таври алоҳида иттилоъ хоҳем дод.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.