Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз

 431 боздид

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Меҳмони воломақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбари маорифпарвари мамлакат сохта шуда, бо муосиртарин аёниятҳои таълимӣ таъмин мебошад.

Иншоот сеошёна буда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон — соҳибкорон Махсудҷоновҳо сохта шудааст.

Бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи беназири давлату Ҳукумати мамлакат барои хонандагони ин деҳоти дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.

Хурсандии омӯзгорон ва хонандагони ин даргоҳи илму маърифат аз он буд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳиби мактаби наву замонавӣ шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,48 гектар буда, бинои таълимӣ дар 928 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар таълимгоҳ барои илмомӯзии хонандагон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Мактаб аз 27 синфхона, аз ҷумла озмоишгоҳҳои фаннӣ ва    технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 130 нафар, китобхона бо 8 ҳазор адабиёти гуногуни дарсию бадеӣ, толори хониш бо 30 ҷой ва ошхона иборат мебошад.

Дар ҳама синфхона, утокҳои корӣ, роҳрав ва саҳни бинои муассисаи таълимӣ камераҳои назоратӣ насб шудааст.

Бинои таълимгоҳ бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳравҳои саҳни мактаб сафолакпӯш гардидаанд.

Дар ин муассисаи таълимӣ 43 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегуянд.

Ҳамзамон муассиса дорои толори варзишӣ мебошад.

Барои ҳунаромӯзии хонандагон дар муассиса маҳфилҳои рӯзғордорӣ, аз ҷумла омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ ташкил карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Бародарон, Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил намоянд.

Нақши бародарон дар дигар корҳои ободонии деҳоти Понғоз, аз ҷумла дар васеъ ва мумфарш кардани роҳи мошингарди миёни шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз назаррас аст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.

http://www.prezident.tj/node/23850

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.