Оғози васеъкунии гардиши хатарнок дар роҳи Понғоз-Шайдон

 1 113 боздид

Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода дар мавзеи Машҳади ҷамоати Понғоз корҳои сохтмонии васеъ намудани гардиши хатарноки роҳи марказии Понғоз-Шайдон оғоз гардид.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни оғози корҳои сохтмонии роҳ таъкид кард, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода шавад. Мо бояд гардиши хатарнокро васеъ намоем, зеро то имрӯз ин мавзеи роҳ хеле танг буд, ки боиси ҳодисаҳои нохуш дар роҳ мегардид. Барои ин зарур аст, ки як қисми куҳро канда, гардишро бояд васеъ намуд то ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ нақлиёти тарафи муқобилро бинанд.
Бино ба иттилои Бахтиёр Турсунзода, раиси ҷамоати деҳоти Понғоз барои васеъ кардани гардиши мавзеи Машҳади ҷамоат кандани зиёда аз 100 метр куҳ дар назар аст. Барои кандани куҳ ташаббускорони ин амали нек чанд техникаи махсусро ба кор ҷалб кардаанд. Баъди кандани куҳ дар назар аст, ки мавзеи васеъшуда мумфарш карда шавад.

-Барои корҳои сохтмонии ин қитъаи роҳ тақрибан 80 ҳазор сомонӣ масраф мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони хайрхоҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ташаббус карданд, ки барои васеъкунии гардиши хатарнок дар мавзеи Машҳади ҷамоати Понғоз саҳми худро гузоранд,-иброз дошт Бахтиёр Турсунзода.
Хатирасон менамоем, ки то имрӯз дар чанд маҳаллаи ҷамоати деҳоти Понғоз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва соҳибкорону сокинон чандин кӯчаҳо мумфарш карда шуда, ин иқдом ҳанӯз дар ҷамоат идома дорад.
Маркази матбуотии раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.