ОРИЁН: ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОВИД-19

 497 боздид

ОРИЁН: ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОВИД-19
Ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳо дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандон ва масъулони ҷамоати деҳоти Ориён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Чанде пеш масъулони ҷамоат ҷиҳати фаҳмонида додани чораҳои пешгирӣ аз бемории сироятӣ, натиҷаҳои вазнини он, риояи фосилаи иҷтимоӣ, безарурият ба кӯча набаромадан ва ё ҳангоми бо зарурият баромадан риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ, сайругашт накардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ наздики 500 оилаҳоро хабар гирифтанд. Бо онҳо бо риояи фосилаи иҷтимоӣ суҳбат гузаронида, муҳимияти давраи карантинӣ, зарурияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, эҳтиёт намудани пиронсолону кӯдакон, бо шуғл фаро гирифтани фарзандон, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист сухан гуфтанд.
Тибқи маълумоти масъулони ҷамоат ҳар рӯз наздики 200-250 хонавода бо маҳлули хлор безарар карда мешаванд, ки дар ин кор саҳми худи сокинони ҷамоат низ калон аст. Ин анҷоми кор нест, чунин амалҳоро пайваста идома хоҳем дод, гуфтанд фаъолони ҷамоат.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.