ОРИЁН: ЗИЁДА АЗ 70 ХОҶАГӢ БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ШУДАНД

 492 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Ориён корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ вусъати тоза мегирад.

Бозгӯи ин бо оби нӯшокӣ таъмин гардидани зиёда аз 70 хоҷагии  деҳаи Деҳқонобод аст. Бо дастгирии ҷамоати деҳоти Ориён тариқи ҳашар бо ҷамъоварии наздики 20 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди 1050 метр барои хобонидани қубур чоҳ канда шуд. Ҳашарчиён наздики ду ҳафта меҳнат карда, барои сероб гардонидани деҳаи худ кӯшиш карданд. Ба мақсади худ ноил ҳам шуданд.

—Пештар аҳли деҳа барои таъмин гардидан бо оби нӯшокӣ аз як канори дурдасти деҳа об мекашониданд,—гуфт раиси маҳалла Абдураҳмон Азизов. –Имрӯз хурду калон мамнунанд, ки ин мушкилашон ҳал гардид.

Тибқи иттилои масъулини Ҷамоати деҳоти Ориён  ҷамоати мазкур ҷиҳати пешвози  арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз нақшаҳои зиёд дорад.  Аз ҷумла, дар назар аст,  моҳҳои наздик дар МТМУ №57  4 синфхонаи нав мавриди истифода қарор гирад, ки он ҳам бо дастгирии ҷамоат, соҳибкорон ва мардуми саховатманду маорифпарвар рӯйи кор омадааст.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.