ОВОЗИ ҚАДАМИ МАРЗБОНОН… (**Ватанпарвар**

 467 боздид

Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар аст. Бегумон, эътимоди халқ ба артиш бояд комил бошад. Эътимод ба он ки артиш қодир аст, амнияту истиқлолият ва дигар арзишҳои миллиро ҳифз карда тавонад.

Инсони некбахт Ватанашро дӯст медорад, чун модар ва барои ҳифзи он ҳамеша омода аст.

Ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимоя намудани Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) омада: “Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:

1.Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд, аммо агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст);

2.Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол);

3.Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватани худро аз душман ҳифз мекунанд).

Марзбон нафарест, ки барои осудагии хоби мову шумо ва ҳимояи меҳанаш бедорхобӣ мекашад. Онест, ки барояш осудагиву оромии Ватан беҳтарин неъмат аст. Нафарест, ки барои амнияти меҳанаш омода аст, ҷонфидоӣ кунад. Писари арзандаи Ватан аст, оне, ки бидуни дудилагиву бо дилу нияти пок ва самимияти афзуну хоҳиши худ ин рисолаташро ба ҷо меорад. Чун ӯ медонад, ки ин вазифаи муқаддаси ӯст, баробари хизмати волидон намудану ҳамеша дастгиру ёвари онҳо будан. Марзбон, афсар, аскари Ватан—насли арзандаест, ки маҳз мо, падару модарон ба ҷомеа ҳадя мекунем, то кору пайкори ҷавонмардони Ватанро идома диҳанд, то нагузоранд, арзишҳои миллии мо аз байн раванд, то муҳофизи рӯзҳои амну шабҳои ороми мо бошанд.

Устод Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода чунин ибрози андеша мекунад:

Андар ҳимоёти Ватан бошем мо бо ҷону тан,

Аз баҳри сулҳу дӯстӣ бошем бо ҳам меҳрубон.

Андар ҳидоят, эй ҷавон, бишнав ту алфози Ҳусайн,

Шукронаи даврон кунӣ, доим бимонӣ дар амон.

Аз фитнаҳо дурӣ намо, дар роҳи мазҳаб рост шав,

Баҳри Ватан хидмат намо, номат бимонад ҷовидон!

Қудрату амнияти давлат дар қудрати артиши он аст. Қудрати артиш бошад, дар ҷавонмардони ҷасури меҳан. Ҷавонмардони ҷасурро бошад, мо волидон тарбия менамоем.

Абушакури Балхӣ мефармояд:

Дарахте, ки хурд аст, варо боғбон,

Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,

Ки аз каживу хам бигардонадаш.

Пас, биёед, фарзандони худро аз рӯзҳои нахустини тавлид дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, маърифату меҳнатдӯстӣ тарбия намоем, то ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон дурахшону осмонаш софу беғубор бошад!

Дар анҷом дуо мекунем, зиндагии мардум орому осуда, дастархонҳо пур аз неъмат, бемориҳо дур ва бахту саодат ҳамеша қарини миллати тоҷик бошад!

М.ҶАМОЛИДДИНОВ, сархатиби ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.