Имрӯз, 23 январ дар туйхонаи “Аҳмадҷон”-и шаҳраки Шайдон, “Озмуни дастархонороӣ”- бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бо иштироки занони моҳири маҳалла, деҳа ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.
Тибқи иттилои масъулин, мақсад аз баргузории “Озмуни дастархонороӣ”, ин пеш аз ҳама имконият фароҳам меорад, ки тавассути ҳавасмандкунии шаҳрвандон таомҳои миллӣ дар маҳалҳо эҳё гардида, бо истифодаи сарфакории моҳирона (ҳунармандона) сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.
Дар “Озмуни дастархонороӣ” бонувон аз 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз рӯйи шартҳои бо истифодаи моҳирона (ҳунармандона) оростани дастархон; зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда; риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархон; мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда; ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо ишғоли 65 хол ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Понғоз бо ишғоли 58 хол ҷойи дуввум ва Ҷамоати деҳоти Ориён бо ишғоли 48 хол ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ин Озмун иштирок намуда, миннатдори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро ба иштиокчиёни озмун расонид.