Озмуни ноҳиявии “Пушкинхонӣ”

 711 боздид

31 январи соли ҷорӣ дар гимназияи №1 шаҳраки Шайдон озмуни ноҳиявии “Пушкинхонӣ” доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.

Аз 74 муассисаи таълимии ноҳия зиёда аз 80 нафар хонандагон дар озмун иштирок намуда, аз эҷодиёти А.С Пушкин шеърҳо қироат карданд. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 65, 35,2, 5, 4, 8, 7, 17, гимназияҳои 1, 5, 7 ва литсейи рақами 2-и ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дар охир ба хонандагони ғолиб ва фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.