Пайёми табрикоти Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати Рӯзи дониш.

 482 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Муҳтарам устодону омӯзгорон!

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо устодону омӯзгорон, хонандагон, наврасоне, ки бори аавал ба мактаб мераванд ва онҳоеро, ки соли аввали таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он оғоз мекунанд, ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои кишвар саҳифаи пурарзиштарин ҳисоб гардида, заминаи хубест, то насли кишвар тавонанд ҳарчи бештар ба донишу ҳикмат сар фуруд оваранд.

Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ьисобида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.”

       Ҳамзамон ҷавонон бояд ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерӯи худро бари аз худ кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.

Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ ощоз мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити имр=за бори дигар андеша кунем.

Вобаста ба ин, мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.

Зеро, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққати ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овардаанд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору таҳсил ва талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани иншооти таълимӣ, имрӯзҳо биноҳои нави муассисаҳои таълимиро, ки дорои тамоми шароити муосир мебошанд, сохта мавриди истифода қарор медиҳад.

Дар ноҳия низ дар доираи омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад муассисаи таълимӣ сохта шуданд. Инчунин, дар ин давра дар  6 муассисаьои таълимии ноҳия 44 адад синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ҳамасола  74 адад муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Айни ҳол сохтмони 2 адад муассисаи таълимӣ  ва бинои шуъбаи маорифи  ноҳия идома дорад. Ин иқдом то таҷлили ҷашн ва минбаъд низ давом ёфта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Боназардошти нақши бузурги илму маърифат ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати кишвар барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст.

Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.

Дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Падару модаронро дар навбати худ зарур аст ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат карда, барои босаводу соҳабмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ барои ояндаи осудаи худи фарзандон ва волидайн, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Боварӣ дорам, Шумоён ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш менамоед. Инчунин, дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ пешсафу ташаббускор мебошед.

Бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон, хонандагон, падару модарон ва ҳама сокинони ноҳияи Аштро бо Рӯзи дониш-оғози нави таҳсил ва ҷашни бузурги давлативу миллӣ-32 солагии рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саломатӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Саодатманду сарбаланд бошед!

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.