Паём ва пандномаи  Пешво ба Иди Дониш

 171 боздид

 

Таҷлили Иди Дониш  ва паёми табрикотии Пешвои миллат идомаи тозакориҳо дар рушд ва такомули соҳаи мухталифи кишвар аст.Чун Пешвои тамаддунофари мо ба ҳамаи соҳаи муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ диққати махсус зоҳир менамоянд, зимни суханрониашон  дар вохӯрӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  таъкиди худро ёфт.

Пешвои миллат баромади хешро бо ёд овардани шоҳбайти бузургон оғоз намуда, нишони ғанӣ ва кӯҳанбунёд будани миллати тоҷикро таъкид мекунад.

Мардуми сарбаланди ноҳия аз суханронӣ ва таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур ва супоришҳои навбатиро чун дастурамали кори баҳри ҳалли муаммоҳои соҳаҳои гуногун ва пешбурди таълиму тарбияи насли навини кишвар истифода хоҳанд намуд.

Маром ва мақсади идомаи мардуми сарбаланди  ноҳияи Ашт  ин аст, ки мисли Пешво дилсузона,  содиқона ва софдилона ба ин миллат хизмат намуда, ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ хоҳем расид. Ин руз рамзи маьрифат, рушноӣ, акл ва талоши пайвастаи инсоният барои пешрафт мебошад.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.