Паёми табрикии Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат  бахшида ба Соли нави 2023

 288 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгориро таманно дорам.

Соли 2022 чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ соли бобарор буд, чунки дар ин соли ҷашни таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, бо ба истифодадиҳии садҳо иншоотҳои хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ҷашни бузургу таърихии – сисолагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури корӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ маҳсуб гардида, қабули Қатънома дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҳамчун иқдоми муҳим ва таърихӣ дар амалӣ намудани масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари натиҷагирӣ аз соли 2022 бо умеду ормонҳои нек, бо эътиқод ба рӯзи фардои босаодати аҳли ҷомеа ва бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ, осудагии диёр ва дарки ватандории ҳар шаҳрванд дар соли тозапаём нақшаҳои муҳими меҳнатиро тарҳрезӣ намуда, азм дорад, ки дар рушду нумӯи Ватани азизамон-Тоҷикистон ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи мардум боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 дар ноҳия таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои фарҳангиву сайёҳӣ, тандурустӣ, иншоотҳои варзишӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ густариши тоза пайдо карданд.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави 2023-ро ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.

Соли нав муборак!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.