Ҳамдиёрони азиз!
Пеш аз ҳама, фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгориро таманно дорам.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, “Соли 2019 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад”. Зеро, дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, бо ба истифодадиҳии дуюмин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун Рӯзи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод шудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек маҳсуб гардида, минбаъд ба пешрафту соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари натиҷагирӣ аз соли 2019 бо умеду ормонҳои нек, бо эътиқод ба рӯзи фардои босаодати аҳли ҷомеа ва бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ, осудагии диёр ва дарки ватандории ҳар шаҳрванд дар соли тозапаём нақшаҳои муҳими меҳнатиро тарҳрезӣ намуда, азми он дорад, ки дар рушду нумӯи Ватани азизамон-Тоҷикистон ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи мардум боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2019 дар ноҳия таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, варзишгоҳ, сартарошхона, марказҳои хизматрасонӣ, хати оби нӯшокӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва пулҳо, бунёди бғу токзорҳо ва умуман корҳои ободонӣ ва созандагӣ густариши тоза пайдо намуданд.
Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори зиёд ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, ангур, гӯшт, шир, тухм, пашм, пилла, асал ва моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Соҳаи пахтакорӣ — соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд. Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6231 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд. Дар натиҷаи меҳнати дастаҷаъмона онҳо тавонистанд аз уҳдаи таъмини дурнамо ва уҳдадории солона сарбаландона бароянд.
Мувофиқи ҳисоботҳо хоҷагиҳои ноҳия наздики 16000 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки уҳдадории солонаро ба 108,9% таъмин менамояд. Дар ин маъракаи ҳосилғундорӣ ҳиссаи Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Ориён, Ашт, Ифтихор ва Пунук назаррас аст. Инчунин дар ин маъракаи ҳосилғундории пахта хоҷагиҳои деҳқонии ҶДММ Ширкати сохтмонии “Рахшона”, “Рамз”, “Сарсабз” ва “Судҷа” фаъолона меҳнат намуданд.
Ҳиссаи соҳибкорон дар амалӣ гардидани корҳои ободонӣ созандагӣ хеле калон аст. Дар бунёди ҳама иншоотҳои сохташуда меҳнати аҳлонаи соҳибкорони маҳаллӣ дида мешаванд. Давоми солҳои 2018-2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағғузорӣ дар 157 иншоотҳо корҳои сохтмонию таъмир ва азнавсозӣ ба маблағи умумии 40 млн. 504 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Умед бар он дорам, ки дар соли нави мелодӣ низ тамоми сокинон, кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия аҳлона, дар таъмини иҷрои нақшаҳо ва дурнамоҳои тасдиқшуда фаъолона ширкат меварзанд ва бо корҳои созандагиву бунёдкорона баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави мелодии 2020-ро ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.
Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!