Модарони азизу гиромиқадр, бонувони меҳрубон!
Ҳамаи Шуморо ба иди фархундаи баҳору зебоӣ ва меҳру садоқат, ҷашни мубораки Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи бегазанд, хонаободӣ, барори кору баракати зиндагӣ таманно менамоям.
Воқеан, сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Бо ибораи дигар, дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин, ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои миллии мардуми тоҷик маҳсуб мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо дар гузашта ба хотири арҷгузорӣ ба мақому манзалати волои модар ва шабзиндадориҳояш рӯзи муайянеро ҳамчун иди модар таҷлил менамудаанд. Ин анъанаи неки ниёгонамон соли даҳум аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8–уми март ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан–модар таҷлил мегардад.
Президенти мамлакат ин нуқтаро ҳангоми эълони Рӯзи модар чунин зикр карда буданд: “Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд”.
Рӯзи модар дар кишвари мо баъди гузашти садсолаҳо эҳё гардид ва имрӯз ба яке аз идҳои бошукӯҳ ва писандидатарини мардум табдил ёфтааст.
Модарони арҷманд!
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз низ занону модарони тоҷик рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд. Барои зан-модар пирояи асосӣ дониш ва маърифат, завқи баланд ва ҷаҳонбинии фарох аст. Камолу ҷамоли занон ҳам дар илм асту ҳам дар ҳилм. Зан–модаре, ки савод ва дониши комил дорад, албатта фарзандро шоиста тарбия менамояд.
Ҳоло дар остонаи ҷашни мубораки Наврӯзи Аҷам қарор дорем. Наврӯз ва Рӯзи модар воқеан ҳам аз ҷашнҳои муқаддаси миллии тоҷикон мебошанд. Ин идҳои бошукӯҳ ба мисли эҳёшавии табиат, сабзиданҳои сабзаҳои баҳорӣ, гармии хуршед ба зиндагонии мову Шумо файзу таровати тоза мебахшанд. Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, бори дигар бароятон умри дарозу саодати рӯзгор ва бахту иқболи некро таманно менамоям. Мо ҳама як умр ба бузургӣ ва азамати поксириштатон эҳтирому арҷи хоса мегузорем!
Ид муборак, модарону хоҳарони гиромиқадр!