Паёми табрикотии  Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати 90-солагии муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт”.

 540 боздид

      Басо рамзист, ки имрӯз дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари азизамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан таҷлил мегардад, 90-солагии муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт”-ро ҷашн гирифта истодаем.

Ман аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандону собиқадорони рӯзномаи “Шӯҳрати Ашт”, аҳли матбуотчиёни ноҳия, ҳозирин ва кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори ин ҷашнвораҳо самимона шодбош гуфта, тандурустӣ, хушбахтӣ, хотирҷамъӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.

Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густаришу пешрафти соҳаи васоити ахбори омма арзишманд арзёбӣ мегардад.

Маҳз сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар доираи принсипҳои воқеънигорӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии фикру андеша ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, ба халқу Ватани худ хизмат карда истодаанд.

Дар ҳақиқат рӯзнома ҳамчун оинаи зиндагӣ қувваи тавонои рӯҳбаландӣ, сафарбаркунандагӣ дошта, дар рушди ҷомеа дар ҳама давру замон саҳми арзишманд дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо ҳадафи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштаанд.

Рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт” 23-юми майи соли 1933 таъсис ёфтааст, ки шумораи аввалинаш бо унвони “Зарбдори Ашт” бо теъдоди 100 нусха дар матбааи “Болшевики Конибодом” ба арзи ҳастӣ омадааст. Рӯзнома шурӯъ аз 9-уми майи соли 1955 бо унвони “Коммунисти Ашт” ва аз соли 1965 бо номи “Шӯҳрати Ашт” чоп мешавад.

Дар чопи шумораҳои аввал ва минбаъдаи рӯзнома саҳми муҳаррир А.Нозиров ва фаъолони он давр бародарон Дилбар ва Фаёзиддин Аҳмадовҳо, Қодир Расулзода, Мухтор Аҳмадов хеле калон аст.

Ин ҷо ба забон овардани номи сармуҳаррирони рӯзнома ҷойиз аст. Инҳо Абдуқоҳир Нозиров, Қурбон Назаров, Умарҷон Раҷабзода, Қодир Расулзода, Раҳимқул Сулаймонов, Ортуқбой Марасулов, Адҳам Шомаҳмудов, Ҳувайдулло Ҷалилов, Қаюм Комилов, Зайлобиддин Шарипов, Солеҳамоҳ Раҳматуллоева, Юнусалӣ Сиддиқов мебошанд, ки дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар рушду такомули рӯзномаи саҳми назарраси худро гузоштаанд. Айни ҳол роҳбарии рӯзномаро Мисробӣ Таҳмина ба уҳда дорад, ки дар баробари фаъолияти пурсамар дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии ноҳия нақши арзишманд дорад.

Ҳамзамон, дар ин давра кормандони пурмасъули рӯзнома ба монанди Абдураҳмон Ашӯров, Иброҳим Қодиров, Аҳмадҷон Мамадҷонов, Садриддин Норматов, Рафторҷон Сатторов, Фахриддин Турсунматов, Ҳаким Убайдуллоев, Сулаймон Азимов, Рӯзибой Махсумов, Камолиддин Юлдошев, Тошмуҳаммад Ёрматов, Саидҳасан Саодатдинов, Фарҳод Қурбонов, Ҷуманбой Юлдошев, Муродалӣ Умаралиев, Шарофиддин Раҳмонов, Дилрабо Анорқулова, Лола Машокирова, Обода Назарова, Эшбой Мадаминов, Комил Шокиров, Маҳмудҷон Бобоҷонов ва чанде дигарон дар чопи рӯзнома заҳмат кашидаанд.

Идомадиҳандагони кору пайкори насли калон рӯзноманигорони ҷавон Ҳаётҷони Одил, Азиза Шамсиддинова, Фариза Ҳувайдуллоева, Фарангис Мамадҷонова ва мухбирони фаъоли ҷамоатӣ Рустами Ато, Раҳим Қобилов, Фотима Истамқулова, Шоҳмуҳаммад  Ҳайдарӣ, Ниёзмуҳаммад Иброҳимов, Ином Қучқоров, Гулбаҳор Маликзода ва чанде дигарон мебошанд, ки бо сабку услуби хос дар фазои озоди матбуот ҷойгаҳи намоёнро ишғол намудаанд.

Дар ин ҷода ман ба рӯзноманигорон барои ҳамкории хубу пурсамар, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ, инъкоси васеи корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос баён менамоям.

Бори дигар ҷашни 90-солагии муассисаи давлатии рӯзномаи “Шӯҳрати Ашт”-ро таҳният менамоям.

Ҷашн муборак!

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.