Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Иди Қурбон

 767 боздид
Ҳамдиёрони азиз!
Бахшида ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумо аҳли хонаводаатонро самимона табрик намуда, тансиҳативу хотирҷамъӣ, файзу баракат дар рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат ва саодатмандии дунёро таманно менамоям.
Иди саиди Қурбон, яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусалмони мо мебошад.
Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатӣ аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб ёфта, ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ дониста мешавад.
Бояд қайд намоям, ки мардуми мо зимни таҷлили Иди Қурбон ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар ашхоси ниёзманд кӯмак мерасонанд.
Воқеан, анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баёни Паёми шодбошиашон ба муносибати Иди Қурбон қайд намуданд, ки “Фарҳанги ислом беҳтарин арзишҳои маънавию ҳаётӣ, ба монанди омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, заҳмати созандаву ободгарона, дӯстиву рафоқатро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят менамояд.”
Вобаста ба ин, соҳибкорони саховатманд ва мардуми баору номуси ноҳия имрӯзҳо баҳри ободу зебо гардонидани макони зист, кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот бо бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун аз қабили мактабу кӯдакистон, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва хизматрасонӣ, коргоҳҳои саноатӣ, майдону толорҳои варзишӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва чанде дигар саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Дарвоқеъ, баровардани ҳоҷати ниёзмандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва раҳоӣ бахшидан аз душвориҳо, берун намудан аз ғаму андуҳ ва шоду хурсанд кардани бепарасторон аз ҷумлаи амалҳоест, ки дар Қуръони карим омадааст:“Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад”.
Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди мусулмон он аст, ки ҳамдигарро бо дӯстию рафоқат, созандагию ободкорӣ ва ба анҷом расонидани дигар амалҳои хайр даъват намояд.
Ҳиссагузории шаҳрвандони саховатпешаи ноҳия дар арафа ва таҷлили Иди Қурбон дар корҳои ободонӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, тозаву обод кардани қабристонҳо, мумфарш гардонидани роҳҳои байни деҳаву маҳаллаҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва ёрии доимӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия зиёд гардида истодааст.
Мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу ори ноҳия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон омодагӣ гирифта, баҳри боз ҳам хурраму зебо гаштани диёрамон саҳми хешро мегузоранд.
Аз ин рӯ, ходимони динро зарур аст, ки дар баромадҳои худ миёни сокинон таъкид намоянд, ки истиқлолу озодӣ беҳтарин неъматест аз ҷониби Худованд, ки баҳри Ватани мо – Тоҷикистони азиз арзонӣ доштааст. Инчунин, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.
Зеро, давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир бунёд мекунанд.
Бинобар ин наврасону ҷавонон бояд хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд. Дар ин раванд, бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро риоя кунем, фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ба камол расонем.
Мардуми ноҳия, махсусан ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгаро огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд.
Ба зиёдаравию қонуншиканӣ роҳ надиҳем, нагузорем, ки ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба он, бекоршавии ақди никоҳ, мусоидат ба амалҳои коррупсионӣ содир карда шавад.
Инчунин, моро зарур аст, ки дар раванди анҷоми амалҳои хайр ба корҳои ободониву созандагӣ вусъат бахшида, ҷиҳати сазовор дар сатҳи баланди сиёсӣ-ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни бузурги таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем.
Бори дигар иди саиди Қурбонро ба мардуми ноҳия табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ, имони комил ва муҳимтар аз ҳама оромиву осоиш орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.