ПУНУК: БА БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ОҒОЗ КАРДАНД

 681 боздид

Бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Ашт дар маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Пунук хишти аввали сохтмони муассисаи таълимӣ гузошта шуд.
Бояд зикр намуд, ба бунёди ин муассиса чанде пеш оғоз намуда буданд ва сохтмони таҳкурсӣ, яъне пойдевори бино ба анҷом расида буд. Бино аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат буда, барои 300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Чӣ тавре ки раиси ҷамоати мазкур Бурҳониддин Муҳиддинзода гуфт, роҳи зиёда аз дусад нафар хонандагони муассисаи таълимӣ, ки дар ин маҳалла зиндагӣ доранд, баъди ба истифода супурдани ин бино наздик мешавад. Онҳо бо тай намудани наздики 6 км роҳ дар МТМУ №18 таълим мегиранд.
Ҷиҳати маблағгузории сохтмони мактаб МИҲД-и ноҳия, сокинони 150 хоҷагие, ки дар ин маҳалла зиндагӣ доранд ва ашхоси саховатманд иқдом намудаанд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.